Дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе рӯзи 30 август Иди каду, харбуза ва тарбуз доир  мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар ин ид кишоварзон аз шаҳру  навоҳии кишвар маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш гузошта, инчунин дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад.

Гуфта мешавад, бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ва талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо COVID-19, Вазорати кишоварзии мамлакат тасмим гирифт, ки имсол идҳои мазкур дар якҷоягӣ  таҷлил карда шавад.

“Дар ин рӯз ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил мегардад, ки сокинону меҳмонони  пойтахт метавонанд маҳсулотҳои кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд», - иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.

Зикр мешавад, ки тибқи амри президент аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҶТ барои солҳои 2019-2021, якшанбеи охири моҳи август Иди каду ва шанбеи ҳафтаи аввали моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз ҷашн гирифта мешавад.

Охири моҳи августи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар бораи эълони ҷашни Иди ангур ва Иди себ низ амр ба имзо расонид.

Мувофиқи он, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ таҷлил карда мешавад. Лекин имсол то ҳол Иди ангур баргузор нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.