Анӯшервон Ғафуров, писари 20-солаи овозхони маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ ба хотири гиромидошти ёдбуди падараш суруди таъсирноке сароид.

Шакли пурраи таронаи “Хона холист” ва клипи он рӯзи 6 сентябр таҳия ва дар шабакаи YouTube STV нашр шуда, дар як рӯз онро зиёда аз 192 ҳазор нафар корбарон тамошо карданд.

Кори таҳияи сурудро худи Баҳром Ғафурӣ оғоз намуда, чанд рӯз пеш аз марги фоҷеабораш дар студия ба сабти он пардохта буд.

Ёдрас мекунем, ки овозхон Баҳром Ғафурии 45-сола рӯзи 7 август дар як садамаи нақлиёт ҳалок шуд. Нисфи умри худро ӯ дар саҳна паси сар намуда, 10 албоми сурудҳояшро нашр кард. Таронаи охиринашро се рӯз пеш аз маргаш сабт кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.