Зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосил аз заминҳои “Боғи Сомон” дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, роҳбарии хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро Маҳмадамин Камолов - писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда дорад.

Гуфта мешавад, дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус аз ҳисоби даромади соф аз тарафи хоҷагӣ ба Фонди хайриявии Тоҷикистон 2 млн 300 ҳазор сомонӣ гузаронида шуда, ба беморхонаи марказӣ як мошини муосири ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид.

“Саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ назаррас аст, - омадааст дар хабар. - Роҳбарияти хоҷагӣ сарпарастии омӯзгорони деҳаро ба ӯҳда доранд. Бо роҳи бунёди 3 ҷоҳи амудӣ сокинони 5 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин шуд. Бо дастгирии хоҷагӣ сокинон бо таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳоро аз таъмир бароварданд”.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ ва сабзавоту меваҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии«Ҳоҷӣ Неъмат», «Ҳоҷӣ Камол»,  «Боғи Сомон», «Боғи Ватан» шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷӣ Камол Мадумаров моҳи октябри соли 2019 дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашта, то рӯзҳои охири умр ҳамроҳи дӯсташ Ҳоҷӣ Неъмат дар боғҳо кор мекард.

Ду деҳқони асил дар зиёда аз 600 гектар замин, ки бисёре аз он партовтаву бекор хобида буданд, ба ангурпарварӣ машғул шуданд, ки айни замон ин ангурзорҳои бунёдкардаи онҳо беҳтарин ва муаррифгари Тоҷикистон мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва марҳум Ҳоҷӣ Камол Мадумаров (аз рост)
Акс аз бойгонии дафтари матбуоти президенти ҶТ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.