Модари Мурод Саидов, сардори хадамоти муҳофизони президенти Тоҷикистон имрӯз дар синни 97-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи марҳум дар ноҳияи Восеъ баргузор шуд. Ӯ дар ҳамин ноҳия зиндагӣ мекард.

Дар саҳифаҳои Facebook ба Дилшод Саидзода, набераи ӯ ва писари Мурод Саидов изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Дилшод Саидзода вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошад.

Мурод Саидов яке аз ҳамсафони содиқтарини президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуморида мешавад. Аз охири соли 1992 ӯ муҳофизи шахсии президенти ҷумҳурӣ мебошад.

Моҳи август чанде аз ВАО хабар доданд, ки Мурод Саидов ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуда, лекин ҳоло шифо ёфтааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.