Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба мизоҷони корпоративии худ хизматрасонии нави РоС терминалҳо пешниҳод намуд. Он имкон медиҳад, ки дастгоҳҳои мобилӣ ба сифати ратсия барои алоқаи байни кормандон ё воситаи ташкилкунандаи хадамоти фармондиҳӣ-диспетчерии корхона ба кор бурда шавад. Дастгоҳҳои истифодабарандагон дар базаи шабакаи мобилии “МегаФон Тоҷикистон”, ки яке аз шабакаҳои аз ҳама нерӯманд ва инкишофёфтаи кишвар маҳсуб меёбад, фаъолият мекунанд.

Хизматрасонии PoC (Push to talk over cellular) барои истифодаи дастгоҳи мобилӣ ба сифати ратсия пешбинӣ гардидааст. Ба ғайр аз ин хизматрасонии мазкур ҳамаи камбудиҳоеро, ки хоси ратсияву смартфонҳои оддӣ мебошанд, надорад. Агар ратсия сигнали худро, ки танҳо аз овоз иборат аст, ба масофаи хеле маҳдуд паҳн намояд, PoC-терминалҳо барои ирсоли файлҳои мултимедиягӣ – аксу видео қодир мебошанд ва аз рӯйи радиуси амал маҳдудият надоранд.

Дар муқоиса бо смартфонҳо РоС-дастгоҳҳо барои кор дар шароитҳои фавқуллода (масалан, ҳангоми ҳароратҳои паст) нисбатан боэътимод ва устувор ҳастанд, ба ғайр аз ин, дар онҳо барномаю замимаҳое, ки диққати кормандонро аз кор ба сӯйи дигар ҷалб мекунанд, мавҷуд нестанд. 

“РоС– терминалҳо- имконияти беҳтарин барои ширкатҳоест, ки мутахассисони онҳо ба тариқи фосилавӣ фаъолият мекунанд, дар қаламрави ҷумҳурӣ сафарҳо анҷом медиҳанд ё дар майдонҳои истеҳсолӣ қарор доранд. Диспетчер ё роҳбар дар дилхоҳ вақт метавонад макони қарордоштаи кормандро муайян карда, ҳатто ҳангоми дар минтақаи дигари Тоҷикистон қарор доштани номбурда бо ӯ тамос гирад. Воситаи мазкур барои идоракунии ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, назорати истеҳсолот ё гузаронидани маҷлисҳои гурӯҳӣ бо идораву филиалҳои дигар воситаи хеле қулай мебошад”, - шарҳ дода мегӯяд директори тиҷорат ии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед Бобоалиев.

Оператор ба истифодабарандагон ду намуди PoC- терминалҳо пешниҳод мекунад. Hytera PNC370 зоҳиран ба ратсияи оддӣ монандӣ дорад, лекин дорои экрани барои қабул ва таҳвили аксу видео муносиб мебошад. Hytera PNC550 дар шакли смартфон таҳия шуда, бо системаи оператсионии Android 8.1 таъмин мебошад. Ҳарду РоС- терминалҳо зарббардор буда, ин сифат ҳангоми кор дар истеҳсолот хеле муҳим арзёбӣ мешавад, онҳо аз ҷиҳати эътимоднокии баланд ва садои тоза фарқ мекунанд – мағалҳои дигари истеҳсолӣ маҳв карда мешаванд. Ба шарофати  шабакаи боқудрати ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бошад, “ратсияҳои мобилӣ” анқариб дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас хоҳанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.