Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ портали нави фароғатии «Караоке»-ро роҳандозӣ намудааст.   Бо ёрии он  муштариёни МегаФон метавонанд  сурудҳои дӯстдоштаашонро бихонанд ва ҳатто бо дигар истифодабарандагони  портал  мусобиқа намоянд.    Нархи обуна  – 1,1 сомонӣ дар як  рӯз.

Иҷрои композитсияҳои мусиқиро қисми зиёди сокинони  кишвари мо, ки аз ҷиҳати истеъдодҳои овозӣ хеле ғанӣ аст,  дӯст медоранд.  Акнун барои дарёфти оҳанги лозимӣ истифодаи сомонаҳои гуногун  лозим намеояд, зеро дар портали ширкати «МегаФон Тоҷикистон» садҳо намуди оҳангҳо ҷамъ оварда  шуданд.      Онҳоро  ба таври якка, дар  доираи дӯстон сароидан имконпазир буда, аз рӯи хоҳишу ҳавас «мусобиқа» бо дигар истифодабарандагони портал  ташкил намудан мумкин аст.    

Веб-портали «Караоке» ҳам тавассути дастгоҳҳои мобилӣ  ва ҳам дар компютерҳо  дастрас аст.     Барои  барасмиятдарории  обуна ба муштарӣ  рақамчинии  USSD-дархости *4015#  ва баъдан ворид кардани пароли тариқи  SMS дастрасшуда ба   равзанаи бақайдгирӣ дар портал  лозим меояд.      Ба сифати логин  рақами телефони мобилӣ истифода бурда мешавад.  Ҳангоми истифодаи портал  трафики интернет  нархгузорӣ карда  намешавад.

«Хизматрасониҳои рақамии замони муосир  на танҳо барои  кору таҳсил, балки ҳангоми фароғат низ кӯмак мерасонанд.  Мардуми  Тоҷикистон суруду  мусиқиро хеле  меписандад ва баъзан  барои хуш гузаронидани вақт дар ҳалқаи дӯстону наздикон  танҳо як  оҳанги сабтшуда  кофӣ буда наметавонад.  Ба  туфайли портали «Караоке» дарёфти суруду оҳанги писандида   хеле  осон аст.     Боварӣ  дорам, ки  пешниҳоди мо дар  бештари оилаҳо ва  доираҳои дӯстон  дар сатҳи баланд баҳо дода мешавад!» – мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.