Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷониби Русия масъалаи роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро то охири моҳ аз шаҳрҳои гуногуни ин кишвар мувофиқа кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ВКХ Тоҷикистон.

“Шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон зиёд мешавад, аз Маскав ҳар рӯз ҳади ақал 3 парвоз ва аз дигар минтақаҳо 1 ё 2 парвоз анҷом дода мешавад. Барои дастрас кардани билет ба ин хатсайрҳо шаҳрвандон мисли пешин бояд дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон худро ба қайд гузоранд”, - қайд кард манбаъ.

Зикр шуд, ки зимни бозгашт ба ватан шаҳрвандон бояд маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус, ки давоми 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷро карда мешаванд.

Дар Департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки бо мақомоти Русия роҳандозии парвозҳои иловагии чартериро аз Русия ба Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо дар бораи зиёд шудани шумори хатсайрҳо чизе нагуфтанд.

“Мо ҳоло маълумот ҷамъоварӣ карда истодаем ва имрӯз дар сомонаамон дар бораи хатсайрҳо хабар нашр мекунем”, - изҳор доштанд дар ВКХ.

Ёдрас мекунем, ки то 15 сентябр аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 50 парвози чартерӣ анҷом дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.