Ба “Азия-Плюс” муяссар шуд, шахсияти шавҳари нави ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимоваро, ки порае аз видеои тӯйи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳагомаҳо ба вуҷуд овардааст, муайян кунад.

Шавҳари нави Сурайё дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки Пӯлод Шаропов ному насаб дорад, сокини шаҳри Душанбе, варзишкор ва ба соҳибкорӣ машғул аст. Пӯлод Шаропов гуфт, ки синну солаш на 32 тавре дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, балки 45-сола аст.

Шавҳари нави Сурайё мегӯяд, ки издивоҷи ӯ бо ҳунарманди шинохта на як ҳангома ё ҳавохоҳӣ, балки бар асари ишқи пок ва алоқае шадиде, ки ба ҳунарманд дошт, сурат мегирад. Ӯ гуфт "ҳамаи онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кори шахсии маро ба баҳс кашидаанд, бигзор мисли ман хушбахт бошанд".

Пӯлод Шаропов мегӯяд, ки издивоҷаш бо Сурайё Қосимова издивоҷи дуюм аст ва аз ҳамсари нахустинаш се фарзанд дорад. Пӯлод Шаропов ба суоли ин ки ҳоло ба бону Сурайё дар Душанбе умр ба сар мебарад ё Кӯлоб посух надод ва гуфт, ки бигзор ин махфӣ бошад.  Ҳамчунин ӯ гуфт, ки замон ва макони тӯйяш ҳам махфӣ аст ва намехоҳад дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунад.

Рӯзи 24-уми сентябр пораи видеоии аз тӯйи Сурайё Қосимова вориди шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шуд, ки дар шарҳи он гуфта мешуд, шавҳари нави Сурайё як ҷавони 32-сола аст.

Сурайё Қосимова Ҳунарманди халқии Тоҷикистон аст, ки 22 апрели имсол ба синни 63-солагӣ расид. Ӯ соли 1957 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ин ҳунарманд қабл аз ин издивоҷи пурсару садояш ду бори дигар низ издивоҷ кардааст, ки ҳосили издивоҷи аввал духтари ҳунармандаш Шабнами Сурайё, яке дигар аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон мебошад.

Аз издивоҷи дувумаш бо Хуршед Рабиев, сарҳанги пулис се фарзанд дорад, ки яке аз онҳо Фарзонаи Хуршед ҳам овозхон аст. Ин бону соли 1970 мактаби миёнаро хатм намуда, то ҳол дар Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода кору фаъолият мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.