Дар Душанбе рӯзи 29 сентябр зери шиори «Интихоби мо Пешвои миллат» ҳамоиши ҷавонони соҳаи молияи кишвар баргузор шуд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ зимни суханронӣ дар ҳамоиш рушди устувори бахши молияи ҷумҳуриро дар замони сари мансаби президентӣ қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард.

Ӯ гуфт, ки дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат низоми молиявии кишвар ислоҳотҳои зиёдро паси сар намуд.

Ба сурати умум, таъкид дошт Маҷидӣ, дар даврони истиқлолият танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Тоҷикистон зиёда аз 20 қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ таҳия ва қабул карда шуданд.

Ба гуфтаи вай, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ маблағҳои зерини ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ҷалб шуданд: дар соҳаи энергетика 43 лоиҳа ба маблағи 2,3 млрд доллар; нақлиёт: 53 лоиҳа ба маблағи 2 млрд доллар ва кишоварзӣ: 49 лоиҳа ба маблағи 600 млн доллар.

Ғайр аз ин, муовини вазир мутобиқ гардонидани қонунгузории соҳаи андоз ба шароити имрӯзаи иқтисодӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар, аз байн бурдани нишондиҳандаҳои дақиқи сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкориро қайд кард.

Ӯ изҳори итминон кард, ки солҳои наздик низоми молияи давлатӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба пешрафтҳои аз ин ҳам зиёд ноил мегардад.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. КМИР ҶТ 5 номзадро расман ба қайд гирифт: аз Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократӣ Эмомалӣ Раҳмон; аз Ҳизби аграрӣ - Рустам Латифзода; аз Ҳизби сотсиалистӣ - Абдуҳалим Ғаффорзода; аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - Рустам Раҳматзода ва аз Ҳизби коммунист - Мироҷ Абдуллоев номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.