Рӯзи 31 октябр дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз чоряки якум натиҷагирӣ шуда, хонандагон ба муҳлати 10 рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар ин давра муаллимон ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” машғул мешаванд.

“Вазорат номгӯи тавсияшудаи адабиёти бадеӣ аз 299 асарро барои хониши беруназсинфӣ тартиб дод. Ҳамчунин дар таътили тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаи гиромидошти адибони тоҷик баргузор мешавад. Дар ин давра марҳилаи аввали олимпиада оғоз мегардад, ки дар он хонандагони фаъолу аълохон иштирок мекунанд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони мактабҳо ҳамасола вақти таътили зимистона доир мегардад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Вазорати маориф ва илм ҳамчунин ният дорад, ки дар давраи таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба иштирок дар барномаҳои илмиву адабӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои ҷашни Конститутсияи Тоҷикистон ҷалб намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.