Ба муносибати анҷоми мавсим ҳудуди 100 нафар мотосиклрон (байкер)-ҳо дар як қатор то Норак рафта, он ҷо онҳоро сокинони маҳаллӣ, фаъолон ва инчунин раиси шаҳр Маликшо Неъматзода гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.

Ҳамасола мавсими мотосиклронҳо дар Тоҷикистон моҳи апрел оғоз гардида, моҳи ноябр ба итмом мерасад.

Солҳои охир сафи мотосиклронҳо дар ҷумҳурӣ афзуда, клубҳои нави онҳо арзи вуҷуд мекунанд, аз ҷумла клуби “Ирбис” дар ин самт фаъолона саҳм мегузорад. Дӯстдорони аспҳои оҳанинро ҳукумат расман эътироф мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.