Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар бораи тасдиқи ҳиссаи иҷозашудаи коргарони хориҷӣ дар фаъолиятҳои ҷудогонаи иқтисодӣ барои соли 2021 қарор ба имзо расонид. Қарор дар интернет-портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Дар ин санад ҳиссаи қувваи кирояи хориҷӣ барои як қатор навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар он маъмулан муҳоҷирони меҳнатӣ машғули коранд, дақиқ муайян карда мешавад.

Соли 2021 ҳиссаи иҷозашудаи кормандони хориҷӣ дар соҳаҳои парвариши сабзавот ва истеҳсоли мебел, инчунин ҷангалпарварӣ ва коркарди чӯбу тахта 50% ва нақлиёти боркаши мусофирбари заминӣ ва автомобилӣ - 24% аз шумори умумии кормандонро ташкил хоҳад дод.

Дар соҳаи сохтмон 80% ҳисса ҷудо шуда, дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки ҳиссаи ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар Бурятия, Доғистон, вилояти Амур ва Маскав амал намекунад. Барои Доғистон он дар сатҳи 50% муайян шудааст.

Дар мағозаҳои махсуси савдои чаканаи машрубот бо шумули оби ҷав (пиво) ва маснуоти тамоку ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи 15% аз шумори умумии коргарон муқаррар шудааст.

25% - ҳиссаи иҷозашуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахшҳои варзиш ва дигар соҳаҳо мебошад.

Дар идоракунии амволи ғайриманқул бо пешниҳоди мукофотпулӣ ё бар асоси шартнома, инчунин дар соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ (ХМК) оид ба хизматрасонӣ дар биноҳо ва қаламрав ба муҳоҷирон 70% ҳисса аз шумори умумии коргарон ҷудо шудааст.

Соли оянда ба муҳоҷирон дар дорухонаҳо, иншооти сайёри савдо ва бозорҳо, инчунин савдои чакана дар ҳудуди берун аз мағоза, хаймаҳо ва бозорҳо ҷойҳои корӣ ҷудо нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.