Дар Душанбе маросими туҳфасупорӣ ба беҳтарин довталабони соли хониши 2018-2019 баргузор шуд. Онҳо имтиҳонҳоро бо баллҳои баландтарин - аз 430 то 492 балл аз 500 балли имконпазир супурданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ, дар ин маросим 11-нафарӣ (ҳамагӣ 22 нафар) аз довталабони ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Азбаски тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) натиҷаҳои дар ИМД-2018 бадастовардаи довталабони дар мақоми 10-ум ва 11-ум қарордошта баробар буд, ба даҳгонаи беҳтарин дар ИМД-2018 11 нафар дохил гардиданд. Инчунин, ҳарчанд дар ИМД-2019 ба даҳгонаи беҳтарин 10 нафар дохил гардида бошанд ҳам, 1 нафар аз ВМКБ ҳамчун довталаби беҳтарин аз ин вилоят интихоб гардид.

Зинаи аввали 10-гонаро дар соли 2019 Фирдавс Сайдалиев ишғол намуд, ки дар имтиҳонҳо аз 500 балли имконпазир 492 ва дар рейтинг аз 257 холи имконпазир 251 хол ба даст овард.

Ба довталабони беҳтарин ифтихорнома ва планшетҳо тақдим карда шуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ҳавасмандсозии хонандагон ба супурдани имтиҳонҳо бо баллҳои баланд мебошад.

Қобили зикр аст, ки маросими туҳфасупорӣ ба 10-гонаи беҳтарин довталабон соли дуюм инҷониб баргузор шуда, лекин маросими туҳфасупорӣ ба онҳо бори нахуст доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.