Созишнома дар бораи пешниҳоди гранти иловагӣ дар ҳаҷми 12 млн доллар ба Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаи беҳбуди хизматрасонии тиббӣ аввали ҳамин ҳафта аз ҷониби вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорӣ ва намояндаи домии Бонки ҷаҳонӣ Ян-Петер Олтерс имзо шуд.

Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, маблағи иловагии пешниҳодгардида барои Лоиҳаи болозикр 12,0 млн доллари амрикоиро ташкил менамояд, ки 10,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна (GAVI) маблағгузорӣ мегардад.

“Ҳадафи амалисозии Лоиҳа ин мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои фарогири Лоиҳа мебошад” – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, маблағгузории дуюми иловагӣ бо максади таъмини устувории лоиҳаи болозикр, аз чумла нигоҳдории 37 муассисаи тиббии сохташуда, таъмир намудани муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои нави тачрибавӣ, харидории тачҳизоти тиббӣ барои муассисахои болозикр ва пардохти кумакпулӣ ба мутахассисон дар асоси натичаҳои фаъолият пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ микдори умумии ноҳияҳои тачрибавӣ аз 10 адад то 16 адад зиёд гардида, дар ноҳияҳои нави тачрибавӣ корхои таъмирӣ дар зиёда аз 100 маркази саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ анчом дода мешаванд. Хамзамон, харидорӣ намудани тачҳизоти тиббӣ ва гайритиббӣ барои муассисаи шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои нави тачрибавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бо дарназардошти маблағгузории иловагӣ, маблағи умумии Лоиха 45,0 млн доллари амрикоиро ташкил медихад ва қисми асосии он аз инфрасохтори тиббӣ ва халли мушкилоти муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ иборат мебошад.

Татбиқи Лоиҳаи мазкур соли 2014 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.