Фелдшер ё худ корманди миёнаи тиббӣ Муҳаммад Ҳисайнов, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббӣ ба ӯ ҷиҳати таъмин бо манзил ва идомаи таҳсилаш кумак ваъда карда буд, соҳиби хона шуд. Ӯ ҳоло бо оилааш ба хонаи нав кӯчидааст.

Манзили нави Муҳаммад дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт, каме дуртар аз бинои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ воқеъ аст.

“Хеле хурсандам, ки бо дастгирии президент ба орзуям - соҳиби манзили шахсӣ шудан расидам. Аз ҳама беҳад миннатдорам!”, - гуфт Муҳаммад ба “Азия-Плюс”.

Муҳаммад бо модар ва фарзандонаш
аз ҷониби Муҳаммад Ҳисайнов пешниҳод шуд

Қаблан Муҳаммад Ҳисайнов дар мавзеи теппаҳои ноҳияи Шоҳмансур, дар хонаи навъи барак, ки худ дар он ҳуҷрае сохта буд, зиндагӣ мекард.

“Оилаам ба ҳамаи касоне, ки ба мо кумак карданд, изҳори миннатдорӣ мекунад. Мутассифона, падарам бо мо нестанд, он кас дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳалок шуданд. Фикр мекунам, ки ҳозир бо ман ифтихор мекарданд”, - изҳор дошт Муҳаммад.

Ёдрас мекунем, ки фелдшери 31-сола замони оғози эпидемияи коронавирус дар Тоҷикистон навори видеоии муроҷиат ба ҳамкасбонро аз беморхонаи Душанбе нашр кард. Дар он ӯ табибони ҷавонро, ки аз беморӣ тарсида, рӯ ба гурез оварда буданд, сарзанишу маломат карда, аз табибони пиронсол, ки шабу рӯз беморхонаро тарк накарда, ҳаёти одамонро наҷот медоданд, ситоишу миннатпазирӣ кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони тиббии ҷумҳурӣ аз ин навори видео ёдовар шуда, бо ӯ шахсан суҳбат кард  ва дастур дод, ки ба табиб ҷиҳати таъмин бо манзил ва идомаи таҳсил кумак кунанд.

Охири моҳи сентябр Муҳаммад Ҳисайнов инчунин ба таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ шурӯъ намуд.

Мусоҳиба бо Муҳаммад бо забони русӣ бо ин суроға ва мусоҳибаи видеоии ӯ бо забони тоҷикӣ бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.