Минбаъд вазир дар ҳамаи муассисаҳои тибби кишвар шахсан санҷиш мегузаронад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ.

“Рӯзҳои охир ӯ аз таваллудхонаҳо боздид намуд. Пас аз кор ва дар рӯзҳои истироҳат вазир бо фаъолияти яке аз беморхонаҳо шинос мешавад. Вазир ният дорад, ки шахсан аз ҳамаи муассисаҳои тиббии кишвар боздид намояд, то ки бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно гардида, мушкилоти мавҷударо ҳал кунад. Ҳамчунин ӯ ба ҳамаи роҳбарони бахши тандурустӣ дастур дод, ки омодагии беморхонаҳоро ба мавсими зимистон зери назорат дошта бошанд”, - изҳор дошт сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан вазир аз муассисаҳои тиббии Кӯлоб боздид намуда, аз рӯйи натиҷаҳои сафар масъалаи таъминот бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) роҳи ҳалли худро пайдо намуд.

Чанде пеш Ҷамолиддин Абдуллозода ба маркази саломатии №1-и пойтахт ташриф оварда, ба масъулин ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар инг ҷо дастуру супоршиҳои мушаххас дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.