Айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 75 ташкилоти қарзӣ амал мекунанд: 19 бонк, 18 ташкилоти қарзии амонатгузории хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд, 27 фондҳои қарзии хурд. То буҳрони соли 2014 дар ҷумҳурӣ 137 ташкилоти қарзӣ амал мекарданд.

Маҳз баъди ин буҳрон чанде аз бонкҳои кишвар дар ҳолати душвор қарор гирифта, муфлис ва баста шуданд. Саҳмгузорони баъзе бонкҳо то имрӯз ҳам пулҳои худро гирифта наметавонанд. Дар ин робита афзоиши нобоварӣ ба бонкҳо дар кишвар қайд мешавад.

Раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ният дорад, ки эътимоди саҳмгузоронро ба бонкҳои кишвар баргардонида, устувории арзи миллиро нигоҳ дорад. Алҳол маълум нест, ки чӣ гуна тағйирот сурат мегираду то куҷо ба ин муваффақ мегарданд.

Тасмим гирифтем, бифаҳмем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба кадом бонкҳо бештар эътимод доранд.

 

 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.