Тошканд ба дархости Душанбе посух дода, ба сохтмони қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19 изҳори омодагӣ намуд.

Иншооти нав дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар заминаи маркази тиббӣ, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шуда истодааст, бунёд мегардад.

Таъмини он бо дастгоҳу таҷҳизот низ аз ҷониби кишвари ҳамсоя аз ҳисоби маблағгузории ҶС “Узбекнефтегаз” сурат мегирад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19, ки Тошканд онро сохтаву муҷаҳҳаз гардониданист, айни замон дар Тоҷикистон собиқа надорад.

Таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб мешавад, ба дар фурсати кӯтоҳтарин ошкор кардани сирояти коронавирус дар шахс ва сипас таъҷилан фиристодани беморони COVID-19 ба беморхонаҳои минтақа ва пойтахт ҷиҳати муолиҷа имкон медиҳад.

Сохтмони маҷмааи муосири тиббӣ дар Қубодиён аз ҷониби Ӯзбекистон нимаи дуюми соли 2018 оғоз гардида, тибқи нақшаи бинокорон, баҳори соли ҷорӣ ба қабули беморон омода мешавад.

Бунёди марказ яке аз лоиҳаҳои ҳукумати Ӯзбекистон аст, ки зимни сафари президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 тасдиқ шуда буд.

Ғайр аз ин, дар доираи қарордодҳо аз ҳисоби маблағгузории Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2020 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мактаби нав барои 630 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тоҷикистон низ дар навбати худ доир ба сохтмони мактаб дар шаҳри Самарқанд барои 640 ҷойи нишаст изҳори назар карда буд. Ҳамчунин Тоҷикистон ният дорад, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона як муассисаи томактабӣ созад. Қарорҳои дахлдор дар ин хусус моҳи марти соли 2018 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.