Дар шаҳри Душанбе аз 18 январ хатсайри нави троллейбуси №2 ба кор оғоз мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, хатсайри нави троллейбус аз маҳаллаи Зарафшон то Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳаракат мекунад. Ба мусофирон троллейбусҳои бе ноқили тамғаи БК 32100D хизматрасонӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, троллейбусҳои хатсайри нав тавассути хиёбону кӯчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониш равуо мекунанд.

Зикр мегардад, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи “Белкоммунмаш”-и Белорус мебошанд. Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Ин троллейбусҳо ҳам бо ёрии шабакаи барқ ва ҳам бидуни алоқа бо барқ (тарзи автономӣ, мустақилона) ҳаракат карда метавонанд. Энергияи (нерӯи барқи) захирашуда дар троллейбусҳои чунин навъ барои ҳаракат бидуни васл бо шабакаи барқ ба масофаи то 15 километр мерасад (кифоягӣ мекунад).

Ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори аввал моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба ҳаракат оғоз намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.