Баъди барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш карданд, ки бо транзит тариқи Ӯзбекистон ба Қазоқистон раванд.

Лекин ин ба онҳо муяссар нашуд. Ҳамчунин талошҳои тоҷикистониён баҳри ба Қазоқистон рафтан тарқи Ӯзбекистон бо роҳи заминӣ низ бенатиҷа анҷом ёфт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи Тошканд ё дигар кишварҳо мехоҳанд ба Қазоқистон раванд, ҳатман бояд бо худ иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Қазоқистон ҷиҳати вуруд ба қаламрави ин кишварро дошта бошанд.

“Ҳафтаи гузашта, замоне, ки пас аз таваққуфи тӯлонӣ парвози аввалин бо хатсайри Душанбе-Тошканд ба иҷро расид, чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз расидан ба фурудгоҳи пойтахти Ӯзбекистон хостанд, ки ба хатсайри ҳавоии самти Алмаато билет харанд, лекин сохтори марбутаи Ӯзбекистон фурӯхтани билетро ба онҳо бо сабаби надоштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Қазоқистон ҷиҳати вуруд ба қаламрави ин кишвар рад кард”, - қайд кард манбаъ.

Ҳамчунин бо худ доштани маълумотнома дар бораи сироят надоштан аз COVID-19, ки тариқи гирифтани тест на дертар аз 72 соат то расидан ба Қазоқистон дода шудааст, зарур аст.

Ба таъкиди манбаъ, баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Қазоқистон сафар кардан мехостанд, аз сохторҳои давлатии Қазоқистон даъватнома доштанд, лекин ин ҳам ба инобат гирифта нашуд ва дар ин ҷо ҳам далел оварда шуд, ки доштани иҷозатномаи расмии Ситоди чумҳуриявии муовимат бо коронавируси Қазоқистон лозим аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.