Грант ба маблағи 10 млн доллар аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР), ки узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, ба амалисозии лоиҳа оид ба беҳбуди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон равона мегардад.

Созишномаи 16 ноябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд  президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба парлумон ирсол намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, ҳадафи амалисозии лоиҳа - мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 10 ноҳияҳои таҷрибавии қаблӣ ва 6 ноҳияи таҷрибавии нав интихобгашта мебошад.

Гуфта мешавад, минтақаи татбиқи лоиҳа ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Зафаробод, Файзобод ва Дарвозоро фаро мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.