Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 1 феврал бо роҳбари нави намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Виктор Олсавски дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат маълумот дода, иброз дошт, ки хушбахтона, аз оғози моҳи январи соли равон то имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи нави бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ ҷонибҳо дар бораи вазъи соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ табодули назар намуда, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори омодагӣ карданд.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, роҳбари навтаъйини Созмонро дар Тоҷикистон ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Музаффар Ҳусейнзода низ ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони мазкур, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавируси нав (Covid-19) табодули афкор намуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар брифинги рӯзи 1 феврал директори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус чунин изҳори назар кард, ки сирояти коронавирусро метавон идора кард.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳолатҳои нави сироят аз COVID-19 се ҳафта инҷониб дар саросари дунё кам мешавад ва ҳарчанд ҳоло ҳам кишварҳое ҳастанд, ки дар онҳо афзоиши беморӣ ба назар мерасад, дар сатҳи глобалӣ ин рӯйдоди умедворкунанда аст, хабар медиҳад РБК.

“Ин гувоҳи он аст, ки ҳатто бо назардошти паҳншавии шаклҳои нави вирус, онро метавон идора кард ва агар ба риояи тадбирҳои аллакай санҷидашудаи ҳифзи солимии ҷомеа риоя кунем, метавонем сироятёбиро пешгирӣ карда, ҳаёти одамонро наҷот диҳем”, - зикр кард Гебрейесус.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.