Ширкати «Formula55» дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Орзуи нек» барои мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Муъминобод иқдоми хайрия баргузор намуд.

Дар ин мактаб 81 нафар кӯдакон - 66 писару 15 духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ширкати «Formula55» ба кӯдакон маҷмӯи сарулибос ва пойафзоли варзишӣ, инчунин таҷҳизоти гуногуни машқи ҷисмонӣ тақдим кард.


Кӯдакон аз туҳфаҳои тақдимгардида, хеле шоду мамнун гардида, дарҳол ба омӯзиш ва азхудкунии таҷҳизот пардохтанд.

Ширкати «Formula55» мунтазам ба баргузории чунин иқдомҳо идода дода, ҳамаи минтақаҳои кишварро фаро хоҳад гирифт.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.