Сарояндаи маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов, ки айни замон саҳнаҳои Ӯзбекистонро фатҳ карданист, меҳмони радиои “Азия-Плюс” шуд.

Дар барномаи “Дурбин” ӯ бо Орзу Исоев дар бораи сафарҳояш, сайру саёҳат, рӯзгори оилаву фарзандон, омӯзиши забони нав ва ватандӯстӣ, дар умум ҳамаи паҳлӯҳои зиндагияш суҳбат кард.

Ҷонибек чанде пеш соҳиби духтарча шуд, аниқтараш ӯ аллакай 4-моҳа аст ва номи тифли худро ба хотири таронаи машҳури падараш, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов Зулайхо гузоштааст.

Овозхон гуфт, кайҳост, ки ӯ дар Ӯзбекистон ҳам писандида шудааст ва тез-тез бо сафарҳои ҳунарӣ ба он ҷо меравад, бо забони ӯзбекӣ таронаҳо месарояд ва ҳатто худаш ҳам ба азхуд кардани забонӣ ӯзбекӣ шурӯъ кардааст.

“Аслан ман қариб 100% забони ӯзбекиро мефаҳмам, лекин 50% бо он ҳарф мезанам, на он қадр хуб. Аз ин рӯ, ин забонро омӯхта истодаам, то ки дар сурудҳоям тамоми кайфияту эҳсосамро ба тамошобин расонида тавонам”, - гуфт Ҷонибек Муродов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.