Салом дӯстон.

1 апрел ҳам гузашту акнун ҷиддӣ сухан гуфтан мумкин аст. 25 сол пеш, вақте ки “Азия-Плюс” рӯйи кор омад, мо маҳз чунин фикр доштем. Он замон ин як агентии хурди иттилоотӣ буд, ки моҳи ноябри соли 1995 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабт шуда буд.

Даргириҳо дар ҷумҳурӣ идома дошт ва дарвоқеъ ҳам, корхонаи хурди мо барои тиҷорат ғалатӣ ба назар мерасид. Мо як кабинетро дар бинои ҳозираи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба иҷора гирифта, онро аз таъмир баровардем, аз китобхонаи ба номи Фирдавсӣ якчанд курсиву мизи аз эътибор соқитшударо харидем ва ба кор оғоз намудем.

Мо аз нашри варақа (бюллетен)-и иттилоотӣ шурӯъ кардем. Шумораи якум охири моҳи март омода буд, лекин рӯзҳои ахири моҳ ба рӯзҳои истироҳат рост омаданд ва 1 апрел нашри онро бо сабаби ба сифати як шӯхии 1-апрелӣ қабул нашудан, боздоштем. Рӯзи дигар, 2 апрел варақа ба ҳамаи сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалии Душанбе расонида шуд.


Ба ин тариқ, 25 сол пеш ҳаёти “Азия-Плюс” оғоз гардид.

Пас аз чор сол тасмим гирифтем, ки газетаи худро нашр мекунем. Он бояд пас аз ҷашнҳои солинавӣ 7 январ чоп мешуд, лекин чун мо ҳоло дар ин соҳа таҷрибае надоштем, нашри газета ду ҳафта ба таъхир афтод.

Ва танҳо рӯзи 21 январ шумораи аввали хеле ҷафокашидаи мо ба табъ расид. Лекин, сарфи назар аз таваллуди душвор, “кӯдак”-и дуюми мо зуд ба воя расида, аллакай баъди як сол узви баркамоли оилаи рӯзномаҳои Тоҷикистон шуд.


Боз баъди ду сол - 9 сентябри соли 2002 дар мавҷи 107FM бори нахуст дар фазои пойтахт садои Радиои “Азия-Плюс” танинандоз гашт.

Ба мо муддати 4 сол барои пахш намехостанд, ки иҷозатнома бидиҳанд ва танҳо пас аз дахолати президент Эмомалӣ Раҳмон масъала мусбат ҳал шуд.

Радиои “Азия-Плюс” аввалин радиои мустақил дар Душанбе шуд. Имрӯз радиои мо ба ҷуз пойтахт, дар Хуҷанду Бохтар низ садо дода, ба туфайли интернет онро тариқи онлайн метавон дар ҳама гуна нуқтаи ҷаҳон гӯш кард.


Тайи даҳ соли ахир рушди Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои “Азия-Плюс” як озмоиши нав шуд. Мо онро пазируфтем ва имрӯз самти digital яке аз афзалиятҳои асосии кори мо маҳсуб меёбад. Ана ҳамин тавр гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”-и Тоҷикистон рӯйи кор омадаву рушд кард.

Солҳои сипаришуда ҳам барои мо ва ҳам кишвар осон набуданд. Мо ҳамроҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба воя расидаву ба рушд ноил гардидем. Мо солномаи Тоҷикикстони соҳибистиқлолро навиштему ба кори худ идома медиҳем. Барои аудиторияи сершумори худ - хонандагону шунавандагон ва тамошобинон ҳамаи рӯйдодҳои муҳимтаринро инъикос намуда, умеду ормон ва ноумедиҳои онҳоро изҳор мекунем.

Тӯли ин солҳо мо як чизи муҳимро дарк намудем: беҳтарин шудан душвор аст, лекин пешсаф боқӣ мондан давоми солҳои зиёд боз ҳам мушкилтар аст.

Ба туфайли қобилияту кордонии кормандони мо - оилаи калону аҳли “Азия-Плюс” мо аз уҳдаи он баромада истодаем.

Давоми фаъолият садҳо нафар дар “Азия-Плюс” кор карда, якчанд насли кормандон иваз шуд. Ва ҳар кадоме аз онҳо ба кори умумӣ як қисмате аз қалби худ, неру ва муҳаббати худро боқӣ гузошт.

Ба туфайли талошҳои умумии кормандон, сарфи назар аз он, ки дастрасӣ ба сомонаи мо қатъ аст, имрӯз шумори корбарони торнамои мо аз ҳамаи сомонаҳои иттилоотии кишвар дар умум зиёдтар мебошад.

Ба шабакаҳои иҷтимоии «Азия-Плюс» (FB, Instagram, YouTube, Telegram ва ғайра) имрӯз 500 ҳазор (!) нафар обунаанд.

Нашрияи мо писандидатарин газетаи кишвар бо забони русӣ боқӣ мемонад. Радиои 107FM сарчашмаи табъи болида, мусиқии дилнавоз ва ахбор буда, шабакаи серталабтарин барои рекламаи тиҷорати Тоҷикистон аст.


Мо аз ин дастовардҳо ифтихор намуда, чунин мешуморем, ки “Азия-Плюс” кайҳост инҷониб тамға (бренд)-и миллӣ шудааст ва тамоми кишвару шаҳрвандони мо низ аз он ифтихор карда метавонанд. Албатта, кор бе камбудӣ намешавад, мо ҳам ба иштибоҳҳо роҳ дода, онҳоро эътироф мекунем.

Ҳарчанд душвор бошад ҳам, лекин аз ҳама муҳимаш, кӯшиш мекунем, ки дар кор усулҳои одии поквиҷдонӣ ва адолату инсофро риоя намоем, то ки фардо худамон ва фарзандонамон аз кори мо шармашон наояд.

Дар мавриди брендҳо. Мо ребрендинги “Азия-Плюс”-ро оғоз намуда, ба шумо логотипи нави худро пешкаш мекунем. Акнун калимаи «plus» дар номи мо ба таври мухтасар бо як аломати “+” ифода меёбад.


Агар росташро бигӯям, вақте яке аз тарроҳон (дизайнерон)-и тоҷик ба мо ангора (эскиз)-и логотипи навро пешниҳод намуд, шахсан ман мухолиф будам. Ва аксари кормандон низ. Муддати тӯлонӣ мо онро қабул надоштем, охир логотипи пешинаи дилписанди Asia-Plus чоряк асри батамом ба мо вафодорона хидмат кард! Пас, дарвоқеъ ҳам, чаро таваккал карда, логотиперо, ки ҳамаи кишвар онро медонад, куллан дигаргун намуд?

Бо вуҷуди ин, мо ин иқдомро пазируфтем. Аввал, осону мухтасар пешниҳод шудани логотипҳо имрӯз тамоил (тренд)-и умумӣ аст. Бисёре аз брендҳои ҷаҳон ахиран логотипҳои худро осону муъҷаз карданд. Дуюм, аз фаъолияти мо 25 сол пур шуда, дар чоряки нави аср мо бештар муосир будан мехоҳем. Чунки тӯли ин солҳои фаъолияти мо бисёр чизҳо тағйир ёфтанд - ҷаҳон рақамӣ шуд, интернету шабакаҳои иҷтимоӣ, VPN, алоқаи 5G, блокчейнҳо… рӯйи кор омаданд.

Мо ҳам тағйир меёбем ва логотипи нав ба назари мо, ба трендҳои муосир бештар мутобиқат мекунад. Дар ҳамин ҳол, албатта, мо мефаҳмем, ки муҳимаш на шакл, балки мундариҷа ва рушди дохилӣ аст. Чунин тағйирот дар “Азия-Плюс” низ ҷараён дорад: лоиҳаҳои нав роҳандозӣ шуда, платформа ва шаклҳои навро азхуд мекунем.

Аз ин рӯ, логотипи asia+ ифодаи зоҳирии навшавии мост. Умедворем, ки шумо базудӣ ба симои нави мо одат карда, дар фазои Интернет моро мешиносед.

Боз як хабари нав: ба наздикӣ сомонаи навшудаи мо боз мешавад. Умедворем, ки истифодаи он барои корбарони мо бештар қулай ва бароҳаттар шуда, барои шарикони тиҷоратии мо ва рекламадиҳандагон имконоти зиёдтар фароҳам месозад.


Дар фарҷом ба шумо - хонандагону шунавандагон ва тамошобинони мо самимона изҳори миннатдорӣ мекунам. Сарфи назар аз ҳама гуна вазъият, тӯли ин солҳо шумо ҳамсафар ва дӯсти вафодори мо боқӣ мондед. Шумо ба мо бовар доред ва мо ба қадри ин мерасем. Ин як омилест ба мо барои пеш рафтан ҳамроҳи Шумо.

Давом медиҳем, оянда боз беҳтар мешавад!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.