Озмуни “Беҳтарин шеър” байни адибони тоҷик ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бахшида мешавад.

Озмуни бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар ҳамдастӣ раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Озмун 19-уми майи соли 2021 дар нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷамъбаст ва ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари маҳфили “Ганҷи сухан” адабиётшинос Саидумрон Саидов хабар дод, озмун аз ду шарт иборат аст:

1. Кулли адибони кишвар бо 10 шеър аз анвои суннатӣ ва озод дар мавзӯи дилхоҳ (бидуни осори муҳташами манзум) иштирок карда метавонанд. Ашъор бояд дар ҷое ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ чоп нашуда бошад.

2. Намунаи ашъори ба озмун пешниҳодшуда довталабон бе зикри номашон таҳти рақами муайян ба 3 нафар довари озмун, ки исмашон махуф нигоҳ дошта мешавад пешниҳод мегардад.

Қабули маводҳо ба озмун аз рӯзи нашри эълон сар карда, то 15 майи соли 2021 қабул мешаванд.

Иртибот барои маълумоти бештар:

Почтаи электронӣ [email protected].

Телефон 92 772-77-07

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.