Соли 2020 барои ҷаҳон соли душвор буд. Ҳатто кишварҳои пешрафта натавонистанд бо душвориҳое, ки вируси наву хатарнок ба вуҷуд овардааст, мубориза баранд. Ин нишон дод, ки то чӣ андоза мо ба системаи устувори тандурустӣ ниёз дорем. Барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус қишри осебпазир, сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои калон лозиманд.

Ҷопон яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар рушди соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Давлате, ки офтоб аз он ҷо тулуъ мекунад, қариб 30 сол мешавад, ки ҷумҳуриро дар самти тандурустӣ дастгирӣ мекунад. Созишномаи дуҷонибаи кишварҳо кайҳост ба муносибатҳои баландсифат, амиқ, боэътимод ва дӯстона табдил ёфтааст.

Мо тасмим гирифтем дар бораи бузургтарин лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Ҷопон, ки саломатии мову фарзандонамонро ҳифз кардаанд, нақл кунем.

Ҳамааш чӣ гуна оғоз шуд ?

Соли 1993 Агентии ҷопонии JICA ҳамкориашро бо Тоҷикистон оғоз менамояд. Дар аввал ин дастгирии кормандони миллӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва рушди макроиқтисодӣ буд.

Соли 2001 “Барномаи беҳбудии ҳифзи модар ва саломатии кӯдак” муаррифӣ шуд. Ҷопон инчунин барои муҷаҳҳаз кардани беморхонаҳои пойтахт бо панелҳои офтобӣ кӯмаки бебаҳо мерасонад.


Пас аз 5 сол, дар мамлакати мо дафтари JICA кушода шуд. Аз ҳамон вақт то инҷониб, лоиҳаҳои гуногуни кӯмаки техникиву грантӣ дар соҳаи тандурустӣ, таъминоти оби нӯшокӣ, рушди кишоварзӣ, тиҷорати хурду миёна ва ғайра амалӣ карда мешавад. Ҳоло портфели лоиҳаҳои JICA дар Тоҷикистон 42 лоиҳаро ташкил медиҳад, ки маблағи умумиаш зиёда аз 410,3 миллион доллар мебошад: 90,16 миллион – кӯмаки техникӣ ва 320,2 миллион кӯмаки грантӣ. Айни замон шумораи лоиҳаҳои фаъол 12 ададро ташкил медиҳад.

Калонтарин кӯмак аз давлати Ҷопон, соли 2016, грант барои "Лоиҳаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои кӯдакона дар Тоҷикистон" буд. Ҳукумати Ҷопон дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ ваксинаҳо, таҷҳизоти занҷираи сард, доруҳои муҳим, маводҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кӯдаконро аз сурхча, гепатити В ва сурхак эмгузаронӣ кард. Лоиҳа барои саривақт муайяну табобат кардани бемориҳои сироятӣ, аз қабили сурхак, полиомиелит, дифтерия, таби домана ва ғайра кӯмак кард, ки ба коҳиш ёфтани фавти бармаҳали навзодону кӯдакон мусоидат кард. Ҳамин тариқ, шумораи гирифторони илтиҳоби шуш дар соли 2016 аз 16.496 то 12.775, дар соли 2019 (22.6%) ва фавт аз 134 то 123 коҳиш ёфтааст. Марг аз дарунравӣ миёни кӯдакони хурдсол, аз соли 2016 инҷониб 56% коҳиш ёфта, ҳолатҳои ҷиддии табобат дар беморхона аз соли 2016 то 2020 47% кам шудаанд. Дар тӯли 4 солу 9 моҳ ЮНИСЕФ ба 4,5 миллион кӯдак кӯмак расонидааст.

-Ман бо шароити нигаҳдории ваксинаҳо дар Душанбе шинос шуда, хурсандона гуфта метавонам, ки кӯмаки мо ба кишвар (дар шакли яхдонҳо) ба таври муассир истифода мешавад. Ҳар рӯз ваксинаҳо ба кишвар интиқол дода шуда, ба ҷамоаҳои маҳаллӣ расонида мешаванд

Бояд қайд кард, ки эмкунии кӯдакон дар Тоҷикистон ба таври ройгон амалӣ мешавад. Маблағгузории ваксинаҳо аз ду манбаи асосӣ иборат аст: буҷаи ҷумҳуриявӣ тавассути Вазорати тандурустӣ ва шарикони беруна. Дар панҷ соли охир се манбаи асосии хариди ваксина мавҷуд буд; GAVI, Ҳукумати Ҷопон ва Ҳукумати Тоҷикистон. Ҳама ваксинаҳо тавассути Шуъбаи таъминоти ЮНИСЕФ харидорӣ шуда, дорои сифати баланд мебошанд.

Барои бехатарии ваксинаҳо, ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки ҳафт яхдон  бо стабилизатори мувофиқ харидорӣ кунад. Ҳамаи яхдонҳо ба талаботи охирини нигаҳдории ваксинаҳои СУТ мувофиқат мекунанд. Соли гузашта, боз як дона яхдон харида шуд, ки ҳаҷмаш 30,7 м3 мебошад.


Кадом лоиҳаҳо ҳоло фаъоланд?

  1. Лоиҳаи такмили таҷҳизоти тиббӣ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии қалб" - то соли 2025;
  2. Лоиҳаи такмили автомобилҳои ёрии таъҷилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - то соли 2021;
  3. Лоиҳаи такмили системаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон (марҳилаи 2) - то соли 2021.

Барои лоиҳаи охирин тақрибан 4,96 миллион доллар ҷудо карда шуда буд. Дар давоми кор, вазифаҳои шуъбаҳои таваллуд ва педиатрияи беморхонаҳои марказӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ такмил дода шуданд; дониш ва малакаи таъминкунандагони нигоҳубини модарон, навзодон ва кӯдакон мустаҳкам карда шуданд; байни муассисаҳои тиббии ибтидоӣ ва миёнаи тиббӣ барои роҳнамоӣ системаи роҳхат тартиб дода шудааст; қобилияти идоракунии хизматрасонии тиббӣ барои модарон, навзодон ва кӯдакон тақвият дода шуд.

Тавре Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита қайд мекунад: “Солҳои тӯлонӣ Ҷопон дар соҳаҳои мухталиф барои беҳбудии мардум ва рушди кишвар, шумораи зиёди лоиҳаҳоро амалӣ менамояд. Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки мо мебошад".

Мо мехоҳем ба шумо хотиррасон кунем, ки ҳоло Ҳафтаи умумиҷаҳонии эмгузаронӣ аст. Фарзандони худро эмгузаронӣ карда, масунияти онҳоро мустаҳкам кунед. Ин ба онҳо ояндаи солим медиҳад ва онҳоро ба мақсадҳои муҳим наздик мегардонад. Вақте қарор медиҳем, ки эмгузаронӣ кунем, мо натанҳо худамон ва оилаҳоямонро муҳофизат мекунем, балки барои сохтани ҷомеаи бехатару солим саҳмгузор хоҳем буд. Назорати ҳолати худро фаромӯш насозед: сари вақт ба духтур муроҷиат кунед, аз таҷҳизоти муҳофизатӣ истифода баред ва худро эҳтиёт кунед!