Сарраёсати шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи навбатии маҷмааи истиқоматиро, ки дар Душанбе сохта мешавад, пешкаш кард.

Маҷмааи нави истиқоматӣ дар буриши кӯчаҳои Шотемур ва Пушкин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (наздикии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав, Саараёсати Қушуӯнҳои сарҳадӣ) дар ҷойи биноҳои навъи барак сохта мешавад.

Акс аз моҳвора
Сурат: Google

Лоиҳаи сохтмони маҷмааи истиқоматӣ аз ҷониби ҶДММ “Пратнёр” дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 19 марти соли 2020 (№181) таҳия шудааст.

Дар маҷмааи нав кӯдакистон барои 200 нафар кӯдак, инчунин марказҳои савдо ва хизматрасонӣ низ бунёд мешавад.

1/5

Ҷойгиршавии биноҳо тарзе ба нақша гирифта шудааст, ки равшании офтоб дар хонаҳо ва шароити салқинкунӣ дар ҳавлии биноҳо ҳарчи бештар бошад.

Ғайр аз ин, тавре дар навори видеоии муаррифии маҷмаа нишон дода мешавад, анҷоми корҳои сабзгардонӣ натанҳо дар гирду атроф, балки дар баъзе ошёнаҳои биноҳои баландошёна низ пешбинӣ шудааст.

Сохтмони маҷмаа дар ду марҳила ба нақша гирифта шуда, муҳлати анҷоми ҳар кадоме аз марҳилаҳо 2 сол дар назар аст.

Ширкати “Партнер” ба сохтмону лоиҳакашии биноҳои баландошёна ва дигар иншооти гуногун машғул аст. Вазифаҳои фармоишгар ва ташкилоти паймонкори куллро иҷро намуда, татбиқи лоиҳаро аз марҳилаи лоиҳакашӣ то мавриди истифода додани иншоот назорат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.