Дар Душанбе аз 3 то 7 май таҳти унвони “Из истории таджикского кино: к 76-летию Победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 гг.» (Аз таърихи кинои тоҷик: ба муносибати 76-солагии Ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945) ҷашнвораи филмҳои ҳарбӣ доир мегардад.

Ҷашнвора бо ташаббуси сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ ва МД “Тоҷикфилм” баргузор мешавад.

Филмҳо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров (Тоҷикфилм”, кӯч. Беҳзод, 25) намоиш дода шуда, забони ҳамаи филмҳо русӣ аст.

Маросими расмии ифтитоҳи ҷашнвора 3 май (даромадан бо даъватнома) доир гардида, аз 4 то 7 май филмҳо ба доираи васеи тамошобинон пешкаш мегардад. Даромадан озодона аст.

Пас аз анҷоми ҳар кадоме аз филмҳо муколамаву баррасиҳо атрофи он бо иштироки тамошобинону коршиносони соҳаи кино дар назар аст.

Имрӯз аз соати 9 то 10 дар барномаи КамбэкШоу дар радиои Asia-Plus коршиноси соҳаи кино, коргардон, узви NetPAC (Network for Promotion of Asian Cinema) Шарофат Арабова ва сухангӯи сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Анисимова дар бораи ҷашнвора маълумоти муфассал медиҳанд.  

Тибқи нақшаи ҷашнвора 4 май соати 18:30 филми «Перекличка» (соли 1965, коргардон Д.Храбровитский), 5 май -  соати 18:00 филми «Женщина издалека» (соли 1978, коргардон Т.Собиров),  6 май – соати 18:00 филми «Лето 1943» (соли 1967, коргардон М.Қосимова), 7 май – соати 10:00 филми «Краткие встречи на долгой войне» (соли 1975, коргардон А.Раҳимов, С.Чаплин) ва соати 19:20  филми «Легенда тюрьмы Павиак» (соли 1970, коргардон С.Ҳамидов) намоиш дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.