Шурӯъ аз 15 май кори микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №33 дар шаҳри Душанбе қатъ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Микроавтобусҳо бо ин хатсайр байни кӯчаи Юлиус Фучик ва маҳаллаи Гулбутта (“Корвон”) равуо мекарданд. Акнун дар ин хатсайр ҳамзамон бо автобусҳои №55 микроавтобусҳои №55А низ ба равуо оғоз мекунанд.

Дар шаҳрдорӣ зикр карданд, ки ба ин тариқ, танҳо рақами хатсайри ҳаракати микроавтобусҳо иваз мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.