Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба оилае, ки чанде пеш дар он панҷгоникҳо таваллуд шуданд, бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор кумак кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода.

“Ҳафтаи гузашта намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент маоши моҳонаи Озода Раҳмонро ба ин оила супурда, инчунин хонаи наверо, ки ҳукумати ноҳия барои онҳо сохт, аз назар гузарониданд, - гуфт ӯ. - Онҳо ин оиларо бо кондитсионер, яхдон, катҳо барои кӯдакон ва ба сурати умум, бо ҳамаи чизҳои зарурии рӯзгор барои оила таъмин намуданд”.

Ба қавли Садриддинзода, ҳукумати маҳаллӣ худаш ният дошт, ки ин оиларо бо ҳам чизҳои зарурии рӯзгор таъмин кунад, “лекин Озода Раҳмон ин корро аз мо пештар кард”.

“Ин гувоҳи он аст, ки худи президенти кишвар ба ин оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад”, - иброз дошт раиси ноҳия.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи декабри соли 2020 дар оилаи сокини 30-солаи деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён панҷгоникҳо ба дунё омаданд. Онҳоро Ҳасану Ҳусейн, Фотимаву Зуҳро ва Хадича ном гузоштанд.

Пас аз таваллуди тифлон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати ин оила рафта, бо шароити зиндагиашон шинос шуд ва ба раҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои онҳо хонаи нав созанд.

Айни замон сохтмони хонаи нав қариб ба охир расида истодааст.

Сурат: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.