Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист 5 июн дар Душанбе веломарафон доир мегардад. Ин ҷашн аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ соли 1972 таъсис дода шуда, яке аз чорабиниҳои муҳими сол дар соҳаи экология ба шумор меравад.

Веломарафаон таҳти шиори “Веосипед барои табиат” доир гардида, муҳимияти истифодаи навъҳои аз лиҳози экологӣ тозаи нақлиётро таъкид месозад.

Иштирокчиёни веломарафаон соати 8:00 аз маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ба ҳаракат оғоз намуда, бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то чорраҳаи буриши кӯчаи Карамов (бо роҳи “бетонка” то “Товус”) мераванд ва бозпас боз то “Наврӯзгоҳ” бармегарданд.

Ҳамаи касоне, ки хоҳиши иштирок дар веломарафонро доранд, бояд пешакӣ аз қайд гузаранд, ки як соат пеш аз оғозои он шурӯъ мешавад.

Ҳамаи хоҳишмандон дар веломарафон иштирок карда метавонанд. Дар ҳар як номинатсия ғолибону пешсафонро ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.

Ҳамчунин дастандаркорони чорабинӣ барои фаъолтарин иштирокчии веломарафон ҷоизаи махсус таъсис додаанд.

Чорабинӣ бо ибтикори шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии шарики кулли мусобиқа - Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ширкатҳои Tcell ва «Сиёма» сарпарастон, Федератсияи велосипедронони Тоҷикистон - шарики тадорукотӣ ва Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” шарики иттилоотӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.