Дар пойгаи велосипедронии трекӣ 60 варзишгари касбӣ дар чанд категорияҳои синну солӣ ширкат варзиданд. Сабқати дучархасаворӣ дар шоҳроҳ дар масофаҳои 10 км, 22 км ва 44 км сурат пазируфт.

Президенти Федератсияи велосипедронҳо ва Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев шахсан ғолибонро табрик карда, ба онҳо тӯҳфҳои хотирмон тақдим намуд. Ба қавли ӯ, варзишгарон натиҷаҳои худро аз мусобиқа то мусобиқа беҳтар мекунанд ва ҳадафи онҳо дар мусобиқаҳои велосипедронии байналмилалӣ иштирок кардан мебошад.


Ҳама ғолибон бо диплом ва медалҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон, инчунин тӯҳфаҳои хотиравӣ ва купонҳо барои симкортҳои   Tcell мукофотонида шуданд. Таваҷҷуҳи вижа ба ҷавонтарин иштирокчиён ва духтарони иштирокчии мусобиқа нигаронида шуд: онҳо соҳиби ҷоизаҳои ифтихорӣ гардиданд.


Ширкати мухобиротии Tcell сарпарасти аслии Федератсияи велосипедронҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷанбаҳои афзалиятноки масъулияти иҷтимоии Tcell- тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи муҳити зист мебошанд. Бо дастгирии чорабиниҳои варзишӣ, Tcell мекӯшад, ки дар ниҳоди насли наврас арзишҳои воқеии инсониро парварида, тарзи ҳаёти солимро тарғиб намояд.


Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи велосипедронҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳимояти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарасатии ширкати телекоммуникатсионии Tcell баргузор гардид.


__________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.