Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни рӯзи 11 июн консерти ҳунармнадони Ӯзбекистон доир мегардад.

Шоми таронаву мусиқӣ бо иштироки Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Муноҷот Юлчиева, Рамз Усмонов, ансамблҳои рақсии “Ӯзбекистон”, “Тошканд зеболари”, Оғобек Зокиров ва дигар овозхонҳо соати 18:00 оғоз мегардад.

Билетҳоро ба консерт то ҳол метавон дар хазинаҳои театр ва ё тариқи низоми echipta.tj дастрас намуд. Лекин қариб ҳамаи билетҳо аллакай фурӯхта шудааст.

скриншот аз сомонаи echipta.tj/

Билет дар балконҳои театр 80 сомонӣ нарх доранд.

Ёдрас мекунем, ки бо хатсайри чартерии ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон 7 июн зиёда аз 100 нафар овозхонону раққосон ва мусиқачиёни ӯзбек ба Душанбе омаданд. Ҳайати ходимони фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон дар меҳмонхонаи “Хилтон” иқомат дошта, аллакай ҳамроҳи ҳамтоҳои тоҷики худ ба корҳои омодагии консерти “Шоми Дӯстӣ” пардохтаанд.

1/3

Пагоҳ, 10 июн зиёда аз 100 нафар ҳунармандони ӯзбек дар консерт таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” дар “Кохи Борбад” бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин консерт ҳудуди 150 нафар сарояндагону раққосон ва мусиқачиён ширкат меварзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.