Дар робита ба ташрифи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вилояти Суғд рӯзҳои 11 ва 12 июн чанде аз роҳҳои ташрифотӣ ва дигар роҳҳои вилоят баста мешаванд, хабар медиҳад шуъбаи БДА Раёсати вилоятии ВКД Тоҷикистон.

11 июн роҳҳо дар кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон; шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд; кӯчаи маҳаллаи Арбоби ҷамоати Унҷӣ; кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон; роҳҳои ҷамоати Исмоил ва Д.Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; чорраҳаи Ором, Кӯчаи Сирдарё, чорраҳаи Ракета ва Ягодка, кӯчаҳои Р.Ҷалил ва И.Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд баста мешаванд.

12 июн ҳаракати нақлиёт тариқи роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон; шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров; кӯчаҳои И.Сомонӣ, К.Хуҷандӣ, Р.Ҳоҷиев то микрорайони 8-уми шаҳри Хуҷанд; кӯчаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон манъ мешавад.

Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост мекунад, ки дар соатҳои баста шудани ин роҳҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.