Волидони мактабхонон аз шаҳри Турсунзода 17 июн ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки хатмкунандагонро маҷбур карда истодаанд, ки барои гирифтани аттестат тарҷумаи нотариалии шиносномаҳои миллиашонро ба забони русӣ пешниҳод кунанд.

Ба қавли яке аз волидон, дар мактабҳои №13 ва №34 ба хатмкунандагон гуфтаанд, ки агар тарҷуми шиноснома пешниҳод нашавад, аттестат (шаҳодатномаи хатми мактаб) дода намешавад.

Волидон мегӯянд, тарҷумаи нотариалии шиноснома тақрибан 35-40 сомонӣ нарх дорад ва ба назари онҳо, ин хароҷоти иловагӣ аст. Ба қавли ҳамсуҳбати “Азия-Плюс”, ба онҳо гуфтаанд, ки ин фармони Вазорати маориф аст.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки чунин фармон содир нашудааст ва талаби тарҷумаи шиноснома ғайриқонунӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорат гуфтанд, ба ин монанд мушкилот соли гузашта ҳам вуҷуд дошт ва ошкор шуда буд, ки бархе аз кормандони шуъбаҳои маҳаллии маориф барои аз масъулият озод кардани худ аз хатмкунандагон тарҷумаи шиносномаро ба забони русӣ талаб кардаанд.

“Кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ин ҳуҷҷатро барои аз масъулият озод кардани худ талаб мекунанд. Яъне дар сурати ба хатогӣ роҳ додан дар навишти ному насаб ва номи падар, гуфта тавонанд, ки аттестатро аз рӯи ҳуҷҷати аз ҷониби хатмкунанда пешниҳодгардида навиштаанд. Вазорати маориф дар ин хусус ҳеҷ фармоне содир накардааст”, -  гуфтанд дар он ҷо.

Зимнан зикр шуд, ки шахсони ба ин мушкил дучоршуда метавонанд ба телефони мудом фаъоли 227 76 86 занг зананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.