Дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Тоҷикистон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар он 90 корхонаву ташкилот ва соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳру навоҳии гуногуни вилоят иштирок карданд.

Дар озмуни 93 номгӯи маҳсулотҳои дар дохили кишвар истеҳсолшаванда ба маърази тамиошо гузошта шуда, 32 корхонаву муассисаҳо ғолиби даври вилоятии озмун шуданд.

1/12

Гуфта мешавад, баъд аз баҳогузории озмун аз ҷониби экспертҳо иштирокчиёни озмун маҳсулотҳои худро бо нархи дастрас ба фуруш гузоштанд ва шаҳрвандон маҳсулотҳои дилхоҳи худро харидорӣ намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.