Саршумори ҳайвоноти нодири ваҳшӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта аз 7,9 то ба 25 фоиз зиёд шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 июл раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода хабар дод.

Бино ба маълумоти Кумита, бо мақсади ҳифзу нигаҳдории навъҳои нодири ҳайвонот тадбирҳои муҳофизати онҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Ҷиҳати таъмини ҳифзу нигаҳдории олами ҳайвоноти нодир зиёда аз 13 ҳазору 230 сар гӯсфанди кӯҳии помирии “Марко Поло”, 811 сар бузи пармашох, 434 сар гавазни бухороӣ, 414 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, 560 сар хирси маллаи тиёншонӣ, 156 сар бабри барфӣ, 185 сар силовсини туркистонӣ, 2086 сар тазарви тоҷикӣ, 2869 сар мурғи ҳилол ва дигар намудҳои олами прандагон, обхокиҳо ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешавад.

Дар мавсими солҳои 2020-2021 бар асари пандемия Тоҷикистон квотаҳои шикори ҳайвонотро ба таври пурра истифода бурда натавонист, зеро сайёҳони шикорчӣ кам буданд.

Масалан, аз 105 квота ба Марко Поло ҳамагӣ 68, аз 13 квота ба бузи пармашох - 12 ва аз 12 квота ба гӯсфанди кӯҳии бухороӣ - 11 квота истифода шуд.

Арзиши шикор ба ҳайвоноӣти нодир ба навъи онҳо вобаста аст. Аз ҷумла шикор ба гӯсфанди “Марко Поло” 55 ҳазор сомонӣ, бузи пармашох - 337,8 ҳазор сомонӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ - 28,1 ҳазор сомонӣ ва хирси маллаи тиёншонӣ - 10,8 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.