Тоҷири маъруфи тоҷик Қаюм Одинаев, яке аз моликони корхонаи истихроҷи тиллои “Одина” дар ҷануби Тоҷикистон чанде пеш дар бемористони Душанбе аз олам даргузашт.

Багуфтаи пвйвандонаш, субҳи имрӯз дар зодгоҳаш - Шугнов маросими ҷанозаи ӯ баргузор шуд.

Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки Қаюм Одинаеви 50-сола ахиран дар беморхонаи ба номи Аҳмедов, маъруф ба “1-ум Советский” бо бемории коронавирус бистарӣ шуда буд.

Артели “Одина” яке аз корхонаҳои начандони зиёд оид ба истихроҷи фулузот (металл)-ҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки танҳо бо сармоягузории тоҷирони тоҷик фаъолият мекунад.

Ин ширкатро соли 1999 бародарон Одинаевҳо ҳамчун артел таъсис дода, аз соли 2002 корхона ба истифодаи таҷҳизоти кӯҳкориву коркард оғоз намуд. Соли 2005 ширкат барои коркарди кон дар Шугнов, ки майдони умумиаш 134 гектарро ташкил медиҳад, иҷозатнома дарёфт намуд. Соли 2007 ширкат ба коркарди амалии кон оғоз бахшид.

Артели “Одина” ҳамчунин ба роҳандозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ машҳур аст. Аз ҷумла ширкат мактаб-интернат бунёд намуда, таъмини фаъолият ва пардохти маоши омӯзгорон аз ҳисоби артел аст. Инчунин ширкат беморхона сохта, пулу роҳҳоро таъмиру барқарор мекунад.

Маросими ифтитоҳи коргоҳи заргарии "Одина". Қаюм Одинаев аз чап
Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи заргарии “Одина” дар Ховалинг сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.