Дар остонаи Иди саиди Қурбон Хадамоти зиддиинҳисорӣ баҳри пешгирии босуръат болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, нархҳоро дар бозорҳои кишвар пайгирӣ мекунад, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Сафаралӣ Қурбонзода.

“Ҳақиқатан ҳам дар арафаи чунин идҳо нархҳо дар мо босуръат боло мераванд. Бо мақсади пешгирии он аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои дахлдор мониторинг (санҷиш) гузаронида мешавад. Ситод таъсис дода, нархҳоро ҳамарӯза пайгирӣ мекунем”, - иброз дошт Қурбонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи санҷишҳое, ки дар Иди Рамазон гузаронида шуданд, “баъзе савдогарони беинсоф, бахусус фурӯшандагони мева ошкор шуда буданд, ки нархнома надоштанд ва нархро боло мебурданд. Нисбати онҳо чораҷӯйӣ шуд”.

Зимнан зикр шуд, ки ин дафъа фурӯшандагони қонуншикану беинсофро ҷарима ва дигар ҷазоҳои маъмурӣ интизор аст.

Ёдрас мекунем, ки имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон 20 июл ҷашн гирифта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.