Муҳлати барқарор намудани кори реактори ҳастаӣ (ядроӣ)-и “Аргус” дар Тоҷикистон, ки соли 2020 дар назар буд, ба дарозо мекашад.

“Бо сабаби зарурати мувофиқасозии доимии лоиҳа бо Агентии байнулмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ва таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқии зарурӣ, оғози татбиқи лоиҳа мавқуф гузошта мешавад”, - изҳор дошт имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, МАГАТЭ ҳар ним сол ҳолати бехатарии реакторро санҷида, айни замон корҳои таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқӣ бобати ба кор даровардани реактор дар арафаи анҷомёбист.

“Айни замон корҳои барқарорсозии иншоот 85% ба анҷом расидаанд”, - хабар дод академик.

Фрҳод Раҳимӣ зикр кард, ки маҳсулоте, ки баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар реактори “Аргус” истеҳсол мешавад, дар саросари дунё серталабу серхаридор хоҳад буд.

“Дар реактор истеҳсоли маводу дорувории тиббӣ барои муолиҷаи беморони саратон ба нақша гирифта шудааст”, - иброз дошт ӯ.

Маълумоти бештар муфассал дар бораи реактори “Аргус” бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар созишномаи охири моҳи феврали соли 2017 имзошуда байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ, дар навбати аввал иштироки олимони русиягӣ дар барқарорсозии кори реактор пешбинӣ шудааст.

Созишнома зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба тасвиб расида буд.

Дар созишнома масоили омодакунии кадрҳо барои Тоҷикистон дар заминаи макотиби олии Русия ва марказҳои илмиву таҳқиқотӣ дар соҳаи энергияи атомӣ зикр шудааст.

Оғози соли оянда дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи нави бактерияшиносӣ ва вирусшиносӣ ба кор медарояд.

Барои бунёди озмоишгоҳ МАГАТЭ ба сифати грант 1,2 млн евро ва ҳукумати Тоҷикистон - ҳудуди 2 млн сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.