Дар мавсими зимистону баҳори гузашта дар қаламрави шаҳри Душанбе ҳудуди 26,4 ҳазор адад дарахтону буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд, ки наздик ба 5,5 ҳазор ададашон аз хориҷи кишвар оварда шуданд.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, барои дарахтону буттаҳои ороишии аз хориҷа ба Душанбе овардашуда аз пулҳои буҷет ягон сомонӣ масраф нашуда, ҳама маблағро тоҷирон ихтиёрӣ пардохт намуданд.

Саидзода зикр кард, ки бори нахуст дар мавсими зикршуда дар Душанбе зиёда аз 14 млн гулҳо шинонида шуданд.

“Мо дида истодаем, ки як шумори муайяни дарахтон ва буттаҳои ороишии шинонидашуда хушк мешаванд ва ин миқдор тақрибан 3 фоиз аз шумори умумиро ташкил медиҳад”, - иброз дошт Раҳимзода.

Таъкид шуд, ки ҷараёни корҳои ободониву сабзгардониро раиси пойтахт шахсан зери назорат гирифтааст.

"Кормандони масъули шаҳрдорӣ бо мақсади назорати рафти нигоҳубину парвариш ва нашъунамои дарахтону бутта ва гулгаштҳо ба тамоми кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр вобаста карда шудаанд", - гуфт Раҳимзода.

Ӯ таъкид дошт, ки дар фасли тобистон ҳамарӯза аз соати 23:00 то 5-и субҳ тақрибан 70 мошини обпошӣ тамоми ниҳолҳои сабзи шаҳрро об медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.