Бар асари таркишҳо дар анбори ҳарбии канори Тараз 9 нафар ҷон бохтанд, хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод  ба ВҲФ Қазоқистон.

“Дар натиҷаи таркиш дар қисми низомии мустақар дар ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбул, тибқи маълумоти охирин, ҳамагӣ 9 нафар, аз ҷумла кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда (ВҲФ), қисми низомӣ, посбонон ва прокуратураи ҳарбӣ ҳалок шуданд. Ҳувияти қурбониён мушаххас карда мешавад. Маълумот дар бораи 4 нафари бедаракшуда мвриди санҷиш қарор дорад”, - гуфтааст намояндаи расмии ВҲФ Талгат Уалӣ.

Бино ба маълумоти пешакӣ, 49 корманди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар беморхона бистарӣ шуда, бо чанд нафари дигар алоқаи гирифтан намешавад. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Дар қисми низомии мустақар дар ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбул рӯзи 26 август, соати 19.00 дар наздикии яке аз анборҳо сӯхтор ба амал омада, пас аз чанд муддате таркишҳо оғоз гардиданд.

Бино ба иттилои вазорати дифои Қазоқистон, маводи тротил таркидааст. Ҳамагӣ 10 таркиш рух додааст. Шумораи осебдидагон то 90 нафар расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.