Дар Душанбе ба наздикӣ мавсими гармидиҳӣ оғоз мегардад. Пайвасти хонаву дигар иншоот ба гармӣ мувофиқи ҷадвал давра ба давра сурат мегирад.

Оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ба вазъи обуҳаво вобаста аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” хабар доданд, дар мавсими соли 2021-2022 дар пойтахти Тоҷикистон  бо гармӣ таъмин намудани 2 762 (мавсими соли гузашта – 2511 иншоот) иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки 251 иншоот зиёдтар нисбат ба мавсими соли гузашта аст.

Ин иншоот аз 2 211 манзил (соли гузашта – 2011), 64 муассисаи тиббӣ (56 – соли гузашта), 172 мактаб ва кӯдакистон (154 – соли гузашта), 316 корхонаву ташкилот (290 - соли гузашта) иборат аст.

Дар ноҳияи Сино ба 1297 иншоот (мавсими гузашта - 1030 иншоот), Шоҳмансур 512 (500), Исмоили Сомонӣ – 510 (500) ва Фирдавсӣ – 443 (242) гармӣ интиқол дода мешавад.

Дар зер инфографикаи соли гузаштаро манзуратон мегардонем. Дар он танҳо шумори иншоот нисбат ба соли гузашта зиёд шуда, нархи истифодаи гармӣ ва робита бо хадамоту корхонаи масъул бетағйир боқӣ мондааст.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.