Аввалин озмунҳои “Суруди сол”-ро аз “Азия-Плюс” дар хотир доред? Ёдатон ҳаст, он чӣ гуна ҷолиб буд? Мо ҷоизаи мусиқии худро бо номи нав эҳё мекунем - акнун "Суруди сол" ба ҷоизаи мусиқии " Tarona" табдил меёбад.

Ба ин тариқ, 11 декабр дар Душанбе рӯйдоди асосии мусиқии соли 2021 аз “Азия-Плюс” баргузор мешавад!

Ҳамааш чӣ гуна оғоз ёфт?

18 сол пеш, моҳи майи соли 2003 дар толори кинову консерти “Кохи Борбад” дар Душанбе аввалин маросими тақдими ҷоизаи асосии мусиқӣ аз Радиои “Азия-Плюс” - “Суруди сол” баргузор шуд.

Он замон ин чорабинӣ аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфта буд. Ӯ шахсан ҳамроҳи аъзои ҳукумат ва роҳбарони парлумон ба маросим ташриф овард. Дар оғози намоиш як фазои шояд шарм ё чизи дигаре ҳукмфармо буд - дар ҳузури чунин шумори VIP-шахсиятҳо ҷавонон зиёд ба эҳсосот дода намешуданд.

Президент инро ҳис карда, микрофон дархост намуд: «Чаро ин кадар хомӯшед? Барои чӣ ба ҳунармандони дӯстдоштаи худ мухлисӣ намекунед? Аз ман шарм надоред, ман худам ин ҷо меҳмонам!».

Дар поёни маросим бошад, сарвари давлат ба саҳна баромада, микрофонро ба даст гирифт ва ҳамроҳ бо овозхони маъруфи эстрада Сироҷиддин Фозилов суруди "Гӯшаи бом"-ро иҷро кард.

Пас аз ин ӯ мустақиман аз саҳна эълон кард, ки аз ин ба баъд ин рӯз дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта хоҳад шуд. Аз ҳамон рӯз 23 май дар кишвари мо ин ҷашн таҷлил мегардад.

Моҳи декабр чиҳо дар назар аст

Имсол ба ифтихори 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии “Азия-Плюс” мо тасмим гирифтем, ки ҷоизаи мусиқии худро дубора эҳё созем. Акнун он Tarona Music Award ном дорад.

Яке аз бонкҳои бузургтарини кишвар - “Ориёнбонк” дарҳол аз ташаббуси баргузории чорабинӣ ҷонибдорӣ намуда, Шарики кулли мо шуд. Моҳи декабри соли ҷорӣ аз таъсиси ин ниҳоди молиявӣ расо 30 сол пур мешавад ва ба назари раҳбарияти бонк, иштироку саҳмгузорӣ дар баргузории чунин як чорабинии ҷолиб воситаи беҳтарини таҷлил аз ҷашн аст.

Ширкати “Мармарӣ” шарики расмии Маросим аст.

Маросими Tarona Music Award – 2021 рӯзи 11 декабр дар «Кохи Суруш» доир мегардад. Ситораҳои маъруфу беҳтарини эстрадаи тоҷик, ки сурудҳояшон ба шунавандагони Радиои “Азия-Плюс” писанду дӯстдошта ва ҷоизадори озмуни мо шудаанд, дар толор ҳунарнамойӣ хоҳанд кард.

Хабарҳои моро пайгирӣ кунед - аллакай ба наздикӣ номи ҷоизадоронро эълон карда, дар бораи ҳар кадоме аз онҳо маълумот медиҳем!

Кормандони Радио Орзу Исоев, Даря Христолюбова ва дигар ровиёни мо гардонандагони маросим хоҳанд буд. Гурӯҳи коргардонии «Азия-Плюс» барои тамошобинон сюрпризҳои зиёде омода карда истодаанд, то ки намоиш ба дурахшонтарин рӯйдоди мусиқии соли 2021 табдил ёбаду дар сафҳаи хотирҳо нақш бандад.

Бо мо бимонед!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.