Овозхон ва блогер аз Тоҷикистон Абдурозиқ дар намоҳанг (клип)-и нави сарояндаи рэпи Русия Алишер Моргенштерн ҳунарнамоӣ кард.

Намоҳанги видеоӣ зери унвони “Домой” (Ба хона) дар Youtube нашр шуда, онро аллакай зиёда аз 1 млн нафар тамошо кардаанд.

Намоҳанг дар Дубай наворбардоӣ шуда, Абдурозиқ низ фаъолияти худро баъди қатъи ҳамкорӣ бо собиқ продюсери худ, сарояндаи рэп Беҳрӯз Шарифӣ (Baron) дар ҳамин шаҳр идома медиҳад.

Моргенштерн ҳам ҳозир дар Дубай қарор дорад. Баъди айбдор шудан дар таблиғи маводи нашъаовар ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Русияро тарк кард. Мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки эҷодиёти овозхон истеъмоли маводи нашъаовар ва рафтори берун аз меъёри ҷомеаро таблиғ мекунад.

Нисбати Моргенштерн барои таблиғи маводи нашъаовар парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Гуфта мешуд, ин ақидаҳо дар намоҳангҳои сароянда «Розовое вино-2» ва Family ба мушоҳида расидаанд. Суд ҳунармандро 100 ҳазор рубл ҷарима кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.