Барномаи рушди СММ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Русия лоиҳаи навро барои ҷавонон - “Тавсеаи имконоти ҷавонон тариқи рушди малакаҳои касбӣ ва мусоидат ба инноватсияҳо дар Тоҷикистон” ба маблағи 2 млн доллар роҳандозӣ мекунад.

“Дар бораи ташаббуси нав, ки баҳри амалисозии он Русия 2 млн доллар ҷудо мекунад, 1 январи соли 2022 хабар медиҳем”, - хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар ҷаласаи кумитаи раҳбарии лоиҳаҳои муштараки Русия ва Барномаи рушди СММ.

Зикр шудааст, ки ин лоиҳа бояд ҷавонони фаъолеро фаро гирад, ки ба рушд ва такмили малакаҳои касбии худ майл доранд.

Дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ таъсиси 350 ҷойи нави корӣ бо назардошти талаботи муосири бозори кор ба нақша гирифта шудааст”, - иброз доштааст дипломат.

Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи лоиҳа ба ҷавонони минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар лоиҳаи мазкур коршиносони Русия ва оператори телекоммуникатсионии “Мегафон-Тоҷикистон” кор хоҳанд кард.

Зимни муаррифии лоиҳа намояндаи Барномаи рушди СММ Фирӯз Саидхоҷаев ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, фарогирии минтақавии он бо такя ба маҳалҳои дурдасти деҳот, муҷаҳҳаз гардонидани як қатор муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ ва баргузории давраҳои омӯзишӣ маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, муҳлати амалисозии лоиҳа чор солро дар бар гирифта, соли 2025 ба итмом мерасад.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукуматиТоҷикистон Хуршед Қодирӣ, намояндагони Барномаи рушди СММ ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.