Музди меҳнати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) пас аз дар моҳи сентябр болоравии маоши кормандони Академия 6940 сомонӣ (615 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар ин бора дар замима ба фармони президенти кишвар аз 20 сентябр дар бораи афзоиши ҳаҷми маошҳои амалкунандаи  кормандони АМИТ аз рӯи вазифа, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, сухан меравад.

Корманди хурди илмии муассисаҳои зертобеъи Академия акнун 1531 сомонӣ (135 доллар) маош мегирад, яъне қариб 5 баробар камтар аз музди меҳнати президенти Академия.

Дар санад маошҳои нави кормандони раёсат (президиум)-и Академия ва муассисаҳои зертобеъи он тибқи вазифаҳо, ки моҳи сентябри соли гузашта музди меҳнаташонро боло бурданд, оварда шудааст.

Маоши ноибони президентҳо ва саркотиби илмӣ дар раёсати АМИТ дар санад 5359 сомонӣ зикр шудааст. Дар ҳамин ҳол, сарходимони илмӣ дар воҳидҳои Академия (Институтҳо) қариб ду барбар камтар - 2926 сомонӣ маош мегиранд.

Маоши директори Институт (Пажуҳишгоҳ) ба 3832 сомонӣ ва муовинони ӯ - ба 3080 сомонӣ баробар аст.

Маоши аз ҳама пасттар ҳам дар раёсати Академия ва ҳам дар Институтҳо ба кормандони хурди илмӣ - 1531 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, дар моҳи октябри соли 2021 музди меҳнати миёнаи моҳона дар Тоҷикистон 1564 сомонӣ (138 доллар)-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.