"Ҷигарта бхрм" як хушгӯйӣ ё комплементи тоҷикӣ ба духтарон аст, ки дар аввал шӯху беозор менамуд. Аммо вақтҳои охир дар пайи ин гуна ибораҳову луқмапартоӣ таҳқиру хушунати ҷисмонӣ алайҳи ҷинси латиф мушоҳида мешавад. Духтарон бештар ҳадафи таъқиб қарор мегиранд ва ё онҳо ахиран тарҷеҳ додаанд, ки дар ин бора бештар суҳбат кунанд.

Ахиран дар маркази Душанбе ду духтари 15-сола аз тарафи мардони аз онҳо ба синну сол ба маротиб бузургтар мавриди таҳқиру кашмакашӣ қарор гирифтанд. Ин дар ҳоле, ки духтарон ҳеч рафтору намуди зоҳирии фавқулодаву ғайриоддӣ надоштанд.

Чаро ин гуна аст? Онҳое, ки "муҳаббат"-и худро ба духтарон ин қадар бераҳмона нишон медиҳанд кистанд? Кадом духтаронро нишони ҳамла қарор медиҳанд? Кадом роҳҳо ва ҷазоҳои ҳуқуқии масъала вуҷуд доранд? Чӣ бояд кард – аз нигоҳи қонунӣ, институтсионалӣ, шаҳрвандӣ?

Дар нашри нави ток-шоуи «Рости гап» бо Орзу Исоев ин мавзӯъро баррасӣ кардем - бо коршиносон, фаъолони ҷомеа, осебдидагон ва одамони оддӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.