Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳар ду самт барқарор шуда, лекин танҳо барои автомашинаҳои сабукрав, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS.

Ба иттилои манбаъ, онҳо кӯшиш хоҳанд кард, ки ба автомашинаҳои боркаш ҳам иҷоза шавад, лекин баъдтар.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз субҳ ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" дигарбора оғоз шуда, аммо танҳо аз як масир, аз масири Хуҷанд ба сӯйи Душанбе ба мошинҳо иҷоза дода шуда буд.

Қобили зикр аст, ки ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз 16-уми январ бар пайи фаромадани тармаҳо баста шуда буд.

Дар як шабонарӯз дар километри 48-ум то 73-ум 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 ва паҳноии 200 метр тоза карда шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.